Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба як оилаи маъюбу камбизоат кӯмаки молияви расонида шуд.
Бо ҳидоятҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ҳизбиро зарур аст, ки корҳои вобаста ба анҷоми хайру сахоро ҷиҳати ба ятимону барҷомондагон дасти ёрӣ дароз кардан ва роҳнамоии шахсони саховатманде, ки имконияташон бештар бошад роҳу пул созад, мактаб бунёд намояд ва дигар хайрҳои ҷорияро ба манфиати мардум анҷом диҳанд, қайд кард дар баромадаш корманди масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия.
Чунин як амали хайр бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии «КДФ Обу корез» дар якҷоягӣ бо муовини-раис мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгири Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар, ба як нафар оилаи ниёзманд, аз ҷумла ба оилаи Худойбердиев Ҳасан кӯмаки молияви ба маблағи 700 сомонӣ расонида шуд.