
А.ҶОМӢ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ, аз қабилӣ тоза намудани оромгоҳҳои ҳудуди деҳаҳои ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо саҳм ва иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.
Дар корҳои созандагиву ободонӣ иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар, зери сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашари умумӣ баромада, дар тоза кардани оромгоҳе, ки якчанд деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкурро дар бар мегирад, саҳми арзанда гузоштанд.
Дар охир чанде аз сокинон, аз ҷумла иштирокдорони корҳои ободонӣ иқдоми неку созандаи ҲХДТ-ро бо хушнудӣ пазируфтанд.