
А.ҶОМӢ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сохтмончӣ» дар назди МПМК-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки фаъолонаи аъзои ташкилот корҳои созандагиву ободонӣ, бунёдкорӣ бо мақсади ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр роҳандозӣ гардид, ки дар он иштирокдорон дар тоза кардани ҷӯйҳои обгузар аз партовҳо, шинонидани ниҳолу дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ ва ҳамешасабз саҳми арзанда гузоштанд.