БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат роҳнамои мост!

ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии «Алоқа»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон ва 6 нафар аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр баргузор гардид.

Зимнан Зайдуллоев Муҳамадҷон дар назди ҷамъомадагон нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, аз иштирокдорон барои иҷрои саривақтии дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, даъват ба амал овард.

Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳарф зада, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба сокинон фаҳмонида дод.

Дар доираи татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзои ташкилоти ибтидоии «Алоқа» ба ҳашари дастаҷамъона баромада, корҳои ободонӣ ва хуррамгардониро бо масъулияти баланди ватандӯстона ба итмом расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg