БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор истиқбол мегирем!

Н.ХУСРАВ.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз  гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии  Тоҷикистон корҳои ободонию  созандагӣ  дар  ҳудуди  ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти  унвони “Якҷоя ҳал мекунем” роҳандозӣ  гардида истодааст.

Бо ин мақсад  кормандони  ташкилоту  муассисаҳо, аз ҷумла ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ,  сокинони  деҳаву маҳаллаҳо  ба  шанбегӣ  баромада,  атрофи биноҳои  маъмурӣ, маҳали зист, роҳҳои мошингарду пиёдагард, ҷӯйю обравҳои   деҳаю маҳаллаҳоро  аз партову алафҳои бегона тоза карда,  дар шинонидани  гулу ниҳолҳои  мавсимиву ороишӣ  саҳм гузоштанд.

Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав   дар партави Аксияи мазкур атрофи  бинои  Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ,  замин ва бехи дарахтони  назди  бинои маъмуриро нарм карда, гулҳои мавсимиву ороишӣ шинониданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg