
ҲАМАДОНӢ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Панҷоб»-и ҷамоати деҳоти Панҷоб хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, қйд намуд, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои деҳот ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод шуд, ки солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст. Мақсади асосии ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Дар доираи иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинони деҳаи Панҷоб ба нарм кардани бехи дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан машғул шуданд.