БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ниёзмандони ҷомеа зери сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар қарор доранд

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хонаи бачагон" хониши сиёсӣ бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров баргузор гардид.

Зимнан Алиҷон Назаров оид ба нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, қайд кард, ки Президенти мамлакат дар Паёми имсола дар самти соҳаи иҷтимоӣ ёдовар шуда буданд, ки мо дар оянда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем. Маблағи умумие, ки ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети давлат танҳо ба ятимон пардохта мешавад, беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сипас,  оид ба дигар ҷанбаҳои сиёсати иҷтмоии давлат ибрози назар намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад ятимону бепарастороне, ки инҷо тарбия мегиранд, ояндаи миллату давлат мебошанд. Рисолати асосии омӯзгорону муррабияҳо таълиму тарбияи ятимон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳурмату эҳтиром ва меҳнати ҳалол мебошад. Набояд, миёни фарзандони худ ва ин ятимон фарқ гузорем.

Дар охири маҷлис ба ҳами иштирокдорон тақвимҳои кисагӣ, деворӣ ва рӯйимизӣ дастрас  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg