ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №3” бо ҷалби сокинони маҳал чорабинии ҳизбӣ баргузор намуд.
Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №3” Ҷалилов Сайёд сокинони маҳалла ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар корҳои ободонӣ, аз ҷумла шинонидани дарахтони ҳамешасабзи арча саҳм гузоштанд.
Ҳамзамон, дар Аксияи ҳизбӣ ва дар корҳои ободониву кабудизоркунии маҳали зист раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иштирок дошта, ба иштирокдорон барои саҳм гузоштан дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.