Левакант. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади ободу зебо гардонидан ва истироҳату фароғати шаҳрвандони шаҳр дар боғи фарҳангии шаҳр дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонӣ баргузор намуданд.
Дар рафти корҳои ободонӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Ватанзода Сайҷаъфар корҳои бунёдкориву созандагӣ, аз қабили шинонидани гулҳои мавсимию ороишӣ, дарахтони сояафкан, нармкунии бехи дарахтон, обёрӣ ва тоза намудани ҷӯю заҳбурҳои ҳудуди боғи фарҳангии шаҳри Левакант анҷом дода шуд, ки аз чунин иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ намунаи ибрати дигарон гардид.
Инчунин, дар корҳои созандагӣ узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳри Левакант Самизода Санавбар Зайнулло ситод ташкил карда, ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳо супориш дод, ки боғи фарҳангии шаҳрро обод карда, пешкаши шаҳрвандон гардонанд.
Мақсад аз ташкил намудани чунин шанбегиҳо ин ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон мебошад.