
МӮЪМИНОБОД. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муассисаи манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Мӯъминобод оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Гулсунбӣ Раҷабова ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Гулсунбӣ Раҷабова дар бораи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат бармеояд, андешаҳои хешро баён карда, иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонаи Роҳбари давлат содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан вазифаи ҳар як шаҳрвандӣ бедордил мебошад.
Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба корҳои ободонию созандагӣ даъват кард.
Баъдан Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардида, кормандони муассисаи номбурда дар тоза намудани роҳравҳои маркази ноҳия, шохаҳои дарахтонро аз барфтӯдаҳо тоза карданд.