КУШОНИЁН.Ба мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки сокинони ватандӯсти деҳаи ба номи Садриддин Айнии ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён корҳои бунёдкориву созандагӣ ташкил карда шуд.
Мардуми ватандӯстӣ деҳоти номбурда дар шанбегӣ фаъолона ширкат варзида, дарахту буттаҳои гирду атрофи деҳаи номбурдаро ба тартиб дароварда, бехи дарахтонро нарм карда, ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза намуданд.
Икдоми неку ватандӯстонаи ҲХДТ- ро сокинони ватандӯстӣ деҳа ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ният доранд, ки дар оянда ҳам чунин корҳои созандагиву ободониро бештар ба роҳ монанд.