КӮЛОБ.Дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Кӯлоб вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир карда шуд.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саричашма” Сафарова Махфират иштирок ва суҳбат намуданд.
Сокинони деҳа дар фарҷоми суҳбат баёни андеша карда, гуфтаҳо ва дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршударо ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, Паёмро дастури созандаи корӣ барои зиндагии худ номиданд.
Баъдан, дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонӣ анҷом дода шуда, миёни иштирокчиён варақаҳои тарғиботӣ ва нашрияи махсусуи ҳизбии “Ҳамрози халқ” дастрас карда шуд.