ДӮСТӢ. Бо ибтикори Кумитаи иӌроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар кӯчаҳои марказии ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободониву созандагӣ баргузор гардид.
Дар Аксияи ҳизбӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолов Абӯбакр иштирок дошта, ба саҳмгузорони корҳои ободонӣ барои иштирок фаъолонаашон изҳори миннатдорӣ баён кард.
Инчунин, иштирокдорони Аксияи ҳизбӣ дар шинонидани гулҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабз, инчунин нармкунии бехи дарахтон саҳми арзанда гузоштанд.
Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ», «Амонатбонк» ва «Файзи замин» роҳандозӣ гардида, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар корҳои хуррамгардониву кабудизоркунӣ саҳми назаррас гузоштанд.