ДАНҒАРА. Бо мақсади саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Данғара, корҳои ободонӣ баргузор гардид.
Дар Аксияи ҳизбӣ иштирокдорон назди ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаҳои шаҳракро аз партовҳо тоза карда, бо мақсади зебосозӣ ва беҳсозии муҳит як қатор ниҳолу дарахтони ороишиву сояафканро шинониданд.