ВОСЕЪ. Бо мақсади татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таӽти унвони «Якҷоя ӽал мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Аксияҳои ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ муташаккилони идома дорад.
Ин навбат Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии «Ғофилобод»-и ҷамоат деӽоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рȳдакӣ баргузор карда шуда, дар он муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноҳия Шаӽноза Раҷабова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Манучеӽри Хуршед иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар қисмати амалии он бо ташаббуси сокинони фаъоли маӽал ҷӯйборҳои маӽалла аз партовӽо ва алафӽои бегона тоза карда шуд, ки иқдоми ватандӯстона дар дигар маӽаллаӽои ноӽияи Восеъ бомаром идома доранд.