ВАХШ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои ҷадвали баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази саломатӣ»-и ҷамоати шаҳраки Вахш Аксияи ҳизбӣ доир карда шуд.
Дар Аксияи ҳизбии баргузоргардида аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти номбурда фаъолона ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашари умумӣ баромада, қисмати боғи марказиро аз партовҳо тозаву озода намуда, замини боғӣ фарҳангӣ ва бехи дарахтони ҳамешасабзро нарм намуданд.