
А.ҶОМӢ. Бо ташаббусти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Айнӣ»-и кўчаи ба номи Садриддин Айнии ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ҳашари умумӣ ташкил карда шуд.
Дар амалишавии корҳои ободонӣ, аз қабили тоза намудани ҷуӯйборҳои обрав, нармсозии бехи дарахтон ва шинонидани ниҳолону гулҳои ороишӣ дар ташкилоти мазкур бо иштироки Самадзода С мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб роҳандозӣ карда шуд.