
ВОКУНИШ. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Пӯшида нест, ки паҳн гардидани тафаккури ифротӣ мавҷудияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳон ба мавҷудияти кишварҳо хатари ҷиддӣ эъҷод менамоянд. Барои як инсони оддӣ фаҳмидани терроризм, экстремизм ва радикализм душвор аст.
Дар соҳаи омӯзиши табиати терроризм, экстремизм ва радикализм шинохти он хамчун падидаи манфии ҷамъиятӣ, тадқиқоти ҷиддие ҳануз анҷом наёфтааст. Шароити имрӯза моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи хеле муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хурдааст. Лозим аст, ки бо шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем.
Тавре маълум аст, ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Аз ин рӯ, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва андешаҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест.
Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ насли ҷавонро бо худ тобеъ карда, мақсадҳои нопоки худро ба аҳли ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.
Дар раванди мубориза бо ДИИШ фаромӯш набояд кард, ки шумораи муайяни ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар сафҳои он меҷанганд, таҷрибаи ҷангӣ пайдо мекунанд, оқибат ба Ватан бар мегарданд. Ин ҷавонони гумроҳ барои Тоҷикистон хатари ҷиддӣ ҳастанд. Ин хатар аз чӣ иборат аст? Ҷавонони Тоҷикистонӣ, ки дар сафҳои ташкилотҳои террористӣ ба монанди ДИИШ ва дигар гурӯҳҳо шомил шуда меҷанганд, мағзшӯӣ шудаанд, ғояҳои ин гурӯҳҳои террористӣ ба эътиқодашон табдил ёфтааст, онҳо метавонанд бо истифода аз имкониятҳои шабакаҳои интернетии иҷтимоии замонавӣ истифода намуда, ҳамин таълимотро қабул карда ба хешу табор, наздикону пайвандон ва дӯстони худ талқин менамоянд.
Зеро амалияи талхи таърихӣ нишон дода истодааст, ки қувваҳои террористию ифротӣ, ки аксар маврид воситаи татбиқи мақсадҳои геосиёсии абарқудратҳо мебошад, дастовардҳои пурқиммати таърихӣ ва фарҳангиро, ки на танҳо арзишҳои як халқу миллат, балки дастоварди инсоният ба шумор меравад несту нобуд намуда, хотираи таърихӣ ва фарҳангии инсониятро нест карда истодаанд. Дар чунин шароити мураккаб дифоъ аз Истиқлолияту озодӣ ва таъриху фарҳангӣ хеш ин дифоъ аз номусу нанги худ дар масири пурифтихори ватандорист. Маҳз аз ҳамин сабаб таъкидҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси «сафарбар намудани саъйю кӯшиш дар навбати аввал ба хотири сулҳу оромӣ, суботу сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар давлати азизамон» бояд маънии зиндагӣ ва қарзи фарзандии ҳар як соҳибватан бошад.
Моро зарур аст, ки насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба муққадасоти миллӣ тарбия намуда, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тамоми чораҳои лозимаро андешем.
Х.Мирзоев- сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ