БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нашри махсуси ”Ҳамрози халқ” ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсии сокинони маҳал дастрас шуд

ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти Пахтаобод хониши сиёсӣ бо иштироки муовини раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Ачилдиев Турдимурод, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Замонов Азиз ва раиси деҳаи Навбунёд Ниёзов Хусанхон бо сокинону фаъолони деҳа баргузор гардид.

Дар ин вохўрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, террористӣ ва экстремистӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғибу ташвиқи суннатҳои миллӣ,  аз қабили пӯшидани сару либосҳо ва одатҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим андешаронӣ карданд.

Инчунин Ачилдиев Турдимурод оид ба нашри махсуси  нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ»  ҳарф зада, иброз дошт, ки дар нашри махсус маводҳои хонданиву ҷолиби диққат ҷиҳати  баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва дигар пешравиҳову дастовардҳои   бузурги  вилоят инъикос ёфтаанд. 

Дар охир ба раиси деҳаи Навбунёд Ниёзов Хусанхон 40 -адад нашри  махсуси «Ҳамрози халқ»-ро супорида, хоҳиш карда шуд, ки нашрияро  ба дасти сокинони деҳот дастрас  намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg