
А.ҶОМӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар Кумитаи ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» баргузор гардида, дар он ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ва бевосита таваҷҷуҳ нисбати насли наврас зоҳир карда мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Инчунин, дар раванди амалишавии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» ба хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳия ҷиҳати ҷалби толибилмон ба илмомӯзиву навовариҳо 15 адад миз ва 30 адад курсӣ туҳфа карда шуд.