
ҶАЙҲУН.Дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷиксодиротбонк»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо ишироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Асалмамад Бекмамадов вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал баромад намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26.12.2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ - ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО “Роғун”, пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.
Дар фарҷоми чорабинӣ дар доираи Аксияи таблиғотӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» бехи дарахтони гирду атрофи ташкилоти ибтидоӣ нарм карда шуд.