БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ худро масъул мешуморем

ХОВАЛИНГ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозӣ”  пеш аз гузаронидани хониши сиёсӣ масъалаи ташкилӣ дида баромада шуд. Бо сабаби ба дигар ноҳия ба кор рафтанаш Сайдаҳмад Ҳусайнов аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ озод карда шуда,  раиси навтаъсиси муассиса Қурбон Ҳукматуллоев раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозӣ интихоб” карда шуд.

Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  Ҳасан Қурбоновро оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  суханрони кард.

 Ҳасан Қурбонов  вазифаҳои ҳар як аъзои ҳизбро дар амри  иҷрои дастуру ҳидоятҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, мубориза бо терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва урфу одати миллӣ, истифода аз технологияи муосир, дар мубориза бо нашъмандию нашъҷалобӣ, коррупсия, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО-ВИЧ СПИД, риояи қонунҳои миллӣ ва дигарҳо муайян  намуда, ҳар кадоми онро бо мисолҳо шарҳ дод.

Инчунин, дар хониши сиёсӣ котиби ташкилоти ибтидоӣ Тутинисо Маҳмудова,  аъзои ҳизб Сангуҳмад Раҳматуллоев, Сайҷамил Сайомилов ва чанде дигарон андешаҳои хешро баён намуда, дар иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ худро масъул шуморидандва иҷрои талаботи ҳадавҳои барномавии ҲХДТ-ро вазифаи аввлиндараҷаи худ арзёбӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg