
ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда мулоқоти навбатии кормандони масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази алоқаи Почта» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер дар назди ҳозирин оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз хурофоту бегонапарастӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.
Дар охир ба иштирокдорон тақвимҳои кисагӣ бо аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд.