ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо мақсади тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣӣ “МТБО” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Ваҳобиддин Абдуллоев корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаи ташвишовари ҷомеаи имӯза, яъне терроризму эктремизм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки амалӣ намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи ҷонии ҳар якимо буда, баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлол, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона талош варзем.