
А.ҶОМӢ. Дар асоси нақша-чорабинҳои тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сино» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Зимни баргузории хониши сиёсӣ масъулин доир ба фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро барои тарзи дурусти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт, ки аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, тавсияҳои судманд доданд.