
МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Мӯъминобод бо сокинони кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ оид ба баррасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалишавии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Рамазон Ҳайдаров иштирок намуда, вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» раҳнамоӣ намуд.