БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи онҳо тақозои замон аст

ДАНҒАРА. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи қонунҳои миллӣ, дастовардҳои таърихӣ ва замони соҳибистиқлолии мамлакат, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шомилшаваии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ифротӣ ва тундгаро суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, иброз карда  шуд, ки дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи онҳо тақозои замон буд, ҳаст ва хоҳад монд. Таърих ба сифати хотираи халқу миллат хизмат менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg