А.ҶОМӢ. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем, зикр намуданд зимни суханронӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
23 нафар барандагони идрорпулии (стипендияи) ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби донишҷӯёни Коллеҷу омӯзишгоҳҳои ноҳиявӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи А.Ҷомӣ, муайян ва бо маблағҳои идрорпулии ҳизбӣ мушарраф гардонида шуданд.