
ФАРХОР. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКТ -№7» хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алиҷон дар назди ҳизбиён баромад намуда, мазмуну муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ доданд.
Ҳамчунин, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва сафарбар намудани аҳолиро ба созандагию бунёдкорӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят кард.