ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» , ҳамчунин бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши ҷавонон ва варзиш”-и ноҳия вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , натиҷагирӣ аз Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон , ки рӯзи 7 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Солҳои рушди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.