БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҳизби созанда дар ҷомеа

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо  мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки зимни мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар дода буданд, дар ноҳияи Қубодиён бо сокинон суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодаанд.

Вобаста ба масъалаи зикргардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолӣ” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “ҲХДТ-ҳизби созандаи ҷомеа”, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва   масъалаи ташвишовари ҷомеаи имӯза, яъне терроризму эктремизм баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллоев  иштирок ва суханронӣ намуд.

Абдуллоев Ваҳобиддин  дар суханронии худ оид ба роҳҳои  ҳалли вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардиданд, ёдовар шуда, иброз дошт, ки амалӣ намудани мақсаду маром ва  ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар аъзои ҳизб мебошад. Баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg