ДАНҒАРА. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ҷамоати шаҳрак сӯҳбату вохӯрии судманд баргузор намуда истодаанд.
Дар чорабинии мазкур Шарипова Гулҷаҳон мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла риояи қонунҳои миллӣ, танзими муносибатҳои оилавӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, хизмат ба халқу Ватан, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи сазовори 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро баҳри ободии Ватан ба корҳои ободониву созандагӣ даъват кард.