КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷиксодиротбонк» бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҳашари умумӣ роҳандозӣ карданд.
Онҳо зери дарахтҳоро нарм намуда, замини назди биноро аз алафҳои худрӯйи бегона тоза ва барои шинонидани гулҳои ороишӣ омода намуданд.
Чунин корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ҳудуди ноҳия то ҷашни пурифтихори миллат 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, дар он фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштироки фаъолона доранд.