БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон дар роҳи созандаи ҲХДТ қадам мениҳанд

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази саломатӣ»-и ноҳия хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев бо ҷамъомадагон дар бораи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, қайд намуд, ки мо ба саломатии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем. Дар давоми се соли оянда дар кишвар 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешавад, омадааст дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Яҷоя ҳал мекунем!» ба 4 нафар шахсони эҳтиёҷманд кўмаки тиббӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg