ПАНҶ. Бобати иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳо оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ ва амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Барқ”-и назди шабакаи барқи ноҳия вохӯрӣ роҳандозӣ намуд.
Нахуст дар рафти вохӯрӣ Ғафуров Сайдамир – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матуботи Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, саноатикунонии босурати кишвар, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дастрасии аҳолӣ ба нашри махсуси рӯзномаи «Ҳамрози халқ» андешаронӣ намуд.
Баъдан, вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Барқ” бо роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳасанов Насоҳиддин як қатор корҳои ободониву созандагӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар Аксияи ҳизбӣ кормандон бо тоза кардани гирду атрофи корхона, шинондани дарахтони сояафкан, нарм кардани бехи дарахтон, рангу бор кардани девори атрофи корхона саҳм гузоштанд.