БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар доираи аксияи ҳизбӣ корвони саломатӣ таҳти унвони «Саломатӣ ганҷи бебаҳост» ташкил карда шуд!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидои ҳизбии деҳаи “Гулистон”-и ҷамоати деҳоти Гулистон дар якҷоягӣ бо Маркази саломатии шаҳр, корвони саломатӣ  таҳти унвони «Саломатӣ ганҷи бебаҳост»!  баргузор гардид.

Корвони саломатӣ ройгон  ба роҳ монда шуда, аз ҷонибони  табибон ва ҳамширагони шафқат, сокинони деҳаи мазкур аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда,  ба мизоҷон маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  Суҳроб Валиев  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Суҳроб Валиев аз Паёми Сарвари давлат  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд кард, ки соли ҷорӣ бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷинояти барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувориҳои бесифат ё муҳлати истифодааш гузашта ё истеҳсол кардани онҳо дар мамлакат, инчунин дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуд.

Дар охир сокинони деҳаи мазкур барои ташкил намудани чунин як амали хайр, яъне ташхиси ройгон изҳори қаноатмандӣ намуда, шукронаи тинҷию оромии Тоҷикистони азиз таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg