ДӮСТӢ.Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат» бо иштироки раиси Кумитаи иӌроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, кормандони масъули Кумитаи иӌроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии «Маориф», «Ӌиликӯл» ва вакилони Маӌилиси вакилони халқи ноҳия вохӯрӣ доир гардид.
Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ аз рафти корҳои сохтмонии мактаби деҳаи номбурда дидан намуда бо сохтмончиёни мактаб, ки аз 4 синфхона ва пешдолон иборат аст тавсияҳои судманд дод.
Деҳаи Ваҳдат, ки дар он шумораи умумии аҳолӣ 300 нафар, аз ӌумла: 56 хоӌагӣ, зиёда аз 50 нафар хонандаи мактабхон дорад. Мушкилии хонандагон дар он аст, ки масофаи 2400 метр роҳро тай намуда, дар муассисаи таълимии №5-и ноҳия ба таҳсил фаро гирифта мешуданд.
Ҳалли ин мушкилоти сокинонро фаъолони ҲХДТ шахсони саховатманду хайрхоҳ ва ватандӯст дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дар деҳаи мазкур сохтмони бинои мактабро шурӯъ карда, онҳо ният доранд то оӻози таҳсили нав бинои навбунёдро ба истифода диҳанд.
Сокинони деҳа иқдоми неки ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, ба Раҳмонзода Абдулло ҷиҳати баргузории вохӯриву тавсияҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуданд.