КУШОНИЁН. Барои сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ баргузор шуда истодааст.
Ташаббуси ватандӯстонаи ҳизбиёнро ҳамагон бо хушнудӣ пазируфта, дар роҳи марказии ноҳия бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои равшанкунии роҳи марказӣ 5 адад симчӯби барқӣ бо фурӯзонакҳои замонавӣ насб карданд.
Ин ташаббус дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадон идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.