БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳимояи Ватан – қарзи ҳар як шахси ватандўст аст!

ВОКУНИШ. Ватан ифтихор ва ватандорӣ саодати мост! Ин шиор  – шиори ҷавонони замони соҳибистиқлолӣ гардидааст.

Оре, Ватан, меҳан як вожаи бузургу муқаддас ва сарзаминест, ки дар зери мафҳуми он таърихи ҳар як халқу миллат фаҳмида мешавад. Ҳар фарди бонангу номус бояд зодгоҳи пайвандони худ ё ин, ки ба андешаҳои бузургон «сарзамини поки ниёгонаш»-ро дўст дорад, муҳаббат ва садоқати бепоён ба он дошта бошад, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти кишварашро ҳифз намояд. «Дӯст доштани Ватан – нишонаи имон аст» гуфта шудааст дар як ҳадис.

Албатта, ин суханҳоро шахсоне дарк мекунанд, ки имон доранд Ватани хешро дўст медоранд. Аммо шахсоне ҳастанд, ки барои несту нобуд кардани Ватан фирефтаи ҳаргуна ҳизбҳои ифротӣ гардида, фурўхта мешаванд. Ин гуна шахсон, барои маблағи ночиз имони худро фурўхта, аз падару модар, ҳамсару фарзандон ва додару хоҳарони хеш ҷудо мегарданд. Чунин шахсон аз сабаби дониши кофӣ надоштан ва паст будани сатҳи маърифатнокӣ даст ба чунин кирдорҳои номатлуб мезананд. Дар натиҷа ҷанги даҳшатнок ва хунрезӣ ба миён омада, фарзандро бе падар, волидонро бе фарзанд, занонро бева ва фарзандонро ятим мекунанд. Аммо бояд мо ба қадри тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот расида, барои пешравии Ватан саҳмгузор бошем.

Боиси қайд аст, ки Муҳиддин Кабирӣ яке аз шахсоне, ки ба қадри тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот намерасад, илова бар ин мехоҳад, ки дар Тоҷикистон ҳамин тинҷиву амонӣ  ва сулҳу суббот набошад. Ў мехоҳад зери фишорҳои мардумони муҳоҷир ва дохили кишвар, ки ба ТЭТ ҳамроҳ ҳастанд, давлатро ба коми худ кашад ва давлати хилофатро барпо намояд. Яъне ба давлати ҷавони тоҷикон хиёнат кунаду номи хоинро ба худ ва аҷдодонаш  абадӣ бибандад, ки ин аллакай шудааст. Албата ин  бо роҳнамоии хоҷагони хориҷиаш мебошад, ки ў дар ихтиёри онҳост ва иҷрокунандаи вазифаи хонагии онҳо шудааст.

Имрӯзҳо ин хоинон тариқи радио ва  шабакаҳои иҷтимоии интернет муддом маводҳои ғаразнокро иттилоъ намуда, бо ин амалашон  мехоҳанд мардуми кишварро ва махсусан ҷавононро ба иғво андозанд. Мо нисбати ин падидаҳои номатлуб зиддият изҳор менамоем. Он шахсе, ки нисбати Ватани хеш қонунвайронкунӣ мекунад, хиёнат мекунад, пешравии давлати худро намехоҳад, бояд дар назди қонун ҷавоб бигӯяд.

Бинобар ин кулли шаҳрвандон  ва аҳли ҷавонони кишварро  зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият Истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшанд, бемасъулият набошанд ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд.

 

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

                             

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg