БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободиву тоза нигоҳ доштани маҳал аз ҳар яки мо вобаста аст

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Коммуналӣ» тибқи нақшаи тасдиқгардида баҳри расонидани моҳият ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Вохӯриро Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  кушода,  доир ба нуктаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ  намуда, ҷамъомадагонро ҷиҳати дар  сатҳи баланд ва бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.

Баъдан Қурбонзода Шифо сармуҳарири нашрияи ҳизбии  «Овози халқ»-и  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сухан баромада  дар бораи тарғиби Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ кард.

        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg