БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди соҳаи кишоварзӣ масъалаи ҳаётан муҳим аст

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар асосии ҷадвали тасдиқшуда бо мақсади шаҳру тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нури Замин»  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алиҷон дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд кард, ки яке аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ин таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ рушди соҳаи  кишоварзиро  масъалаи ҳаётан  муҳим арзёбӣ  намуда, «Ҳадафи  стратегии дигар, ки ба таъсиси  ҷойҳои  корӣ ва афзун гардонидани  иқтидори  содиротии кишвар  таъсирмерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад» иброз ақида намуд.

Ҳамчунин оид ба азхудкунии заминҳои нави корам, дуруст  ва самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ суҳбат намуданд.

Дар охир иштирокдорон тақвимҳои кисагӣ бо акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас  карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg