БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи асосии ҲХДТ ин зиндагии пурсаодати сокинон мамлакат мебошад!

БОХТАР. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба расонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Меҳровар» вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Ҳакимова Волида иштирок карда, атрофи муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат андешаронӣ карда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани ин дастури муҳим ҳамчун роҳнамо ба зиндагии пурсаодати сокинон пурмаҳсул ва садоқатмандона фаъолият намоянд.
Дар охир ҷамъомадагон суханрониҳои судмандро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки он дастуру супориш ва ҳидоятҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гардиданд, сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор хоҳанд дод.

Дар охир намоянда Волида Ҳакимова аз рафти кору фаъолияти аъзои ташкилоти мазкур, ки бо сифати баланд тайёр намуда,  ба мардум пешниҳод менамоянд дидан намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg