БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сада-ҷашни гармию нур

КӮЛОБ. Сада  аз қадимтарин ҷашнҳои бостонии мардуми ориёӣ аз ҷумла, тоҷикон мебошад. Маҳз замони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди ниёгон дар қатори ҷашнҳои миллии Наврӯз ва Меҳргон аз нав эҳё гардид.

Дар ин росто дар ташкилоти ибтидоии ҳизибии “Ганҷи дониш” дар бо иштироки аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” конфронси адабиро дар мавзуӣ «Сада-оташи меҳри Ватан аст» гузарониданд. Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷи дониш”, директори Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ дар ш. Кӯлоб Обидов Саймуҳаммад  кушода, ҳамагонро бо ин иди хуҷаста табрик намуд.

Ҳамзамон намоиши пурмазмун дар мавзуҳои “Сада-ҷашни гармию нур”, “Ҳунарҳои мардумӣ-муаррифгари фарҳанги миллӣ” ва дастранҷи ҳунарҳои хонандагонро  пешкаши иштирокчиён  ва меҳмонон гардониданд.  

Сипас,  хонандагон бо қироати шеър, базму суруд хотири ҳозиринро шод намуданд.

Дар охир хонандагони фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg