
ЁВОН. Дар доираи ҷадвали тасдиқнамуда бо мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандозии Аксияитарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "АДСИ ва нафақа" бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон и.в.муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ширкат дошта, ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Xумҳурии Тоxикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва расидан ба яке аз ҳадафи нави стратегӣ саноатикунонии мамлакат ҳидоят намуд.