БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нашри махсуси “Ҳамрози халқ” барои баланд шудани маърифати шаҳрвандон мусоидат менамояд

ДӮСТӢ. Тибқи чадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо сокинони ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Яккатол”-и ӌамоати деҳоти Деҳқонобод  вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, раиси Кумитаи маҳалла Ҳакимова Муҳаббат, вакили Маӌлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Холова Муҳаббат, ва эмомхатиби  масӌиди панӌвақтаи деҳот иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан масъулин дар назди  ҷамъомадагон доир ба сиёсати дохиливу хориҷии кишвар,ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароянда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣтаҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  андешаронӣ намуда,  ба  ҷамъомадагон тавсия доданд, ки баҳри ободу зебо гардидани  маҳалли зист, деҳаамон ҳамеша талош варзем, чунки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ироа гардидааст, ки Солҳои 2019-2021Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст.

Дар охир ба сокинони деҳот нашри махсуси нашрияи ҳизбии “Ҳамрози халқ”, ки барои баланд бардоштани   маърифати шахрвандии сокинон мусоидат менамояд, дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg