БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Созандагиву ободкорӣ баҳри ояндаи дурахшони Тоҷикистон

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ “Наврӯз-01”-и  ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

 Дар хониши сиёсӣ  атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаҳои созандагӣ, зебосозии шаҳр ва беҳсозии муҳит, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ, риояи қонунҳои миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати дар сатҳи сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда шуд.

Зимнан иброз дошта шуд, ки масъалагузориҳои Паём дар фаъолияти ҳар яки мо баҳри созандагиву ободкорӣ ва дар умум барои тамоми самтҳо дастурамали мукаммал ва мушаххас ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg