БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хизмати халқ аст!

Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи суғурта, САҲШ ва Навиди Балх»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид ба нуктаҳои асосии Павёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, эълон гардидани солҳои 2019-2028 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуданд.

Инчунин, онҳо дар бораи моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳарф зада, иштирокдоронро ба корҳои созандаву бунёдкорона барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg