БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ободонии Ватан саҳмгузор бошем!

ШАҲРИТУЗ.Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистондар ноҳияи Шаҳритуз  дар деҳаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки фаъолони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Шаропов Ҳомидҷон ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ  ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Замонов Азиз иштирок  дошта, дар рафти он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, азҷумла  пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, террористӣ ва экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии  бемориҳои сироятӣ, тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.

Инчунин,  дар идома масъулин дар бораи  нашри махсуси  нашрияи  “Ҳамрози халқ”   ҳарф зада, баҳри баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои ифротӣ   ва барои дастрас намудани ин маҷалла ба раиси маҳаллаи деҳаи Наврӯз Норматов Сулаймон 50 нусха  нашрияи мазкур  дастрас карда шуд.

Дар охир иштирокдорон вохӯрӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  ба корҳои ободонӣ  фаъолона иштирок карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg