БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» чорабинии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Аксияи тарғиботӣ-амалӣ тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва Паёми Пешвои миллат бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Асалмамадов Бекмамад баргузор гардид.

Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ махсусан дар доираи тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва ҳамчунин оид ба муҳтавои асосии Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат муфасал суханрони намуд.  

Аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар маркази ноҳия заёда аз 400 бех дарахтони ҳамешасабзро шинониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg