ҲАМАДОНӢ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорзода бо раисони ташкилотиҳои ибтидоии ҳизбии деҳаю маҳаллаҳои ноҳия вохӯрӣ гузаронид. Зимни вохӯрӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи якуми соли 2019 ва инчунин, ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ андешаронӣ карда, қайд намуда шуд, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ кору фаъолияти худро дар асоси дастурамали коргузориву ҳуҷҷатнигорӣ ва пешбурди фаъолияти молиявии сохторҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба роҳ монанд.
Таъкид гардид, ки дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бояд парвандаҳои протоколҳо ва қарорҳо, ҳисоботи оморӣ, нақшаи корӣ, хониши сиёсӣ, хонишҳои сиёсӣ ва нашри махсуси рӯзномаи «Ҳамрози халқ» вуҷуд дошта бошанд. Оид ба пур кардани парвандаҳо тавсияҳои методӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Д. Ғаффорзода ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дода шуд.
Ҳамазамон дар деҳаҳои Боғи буз, Марғоб, Пушкин, Дараи калот, Қаҳрамон, Таги намак ва деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Қаҳрамон нашри махсуси рӯзномаи «Ҳамрози халқ» аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХД дар ноҳия ба мардум тақсим карда дода шуд.